Ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин

11.11.2019(09:07)

9 ноябри соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар толори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод тантанаи идона ба муносибати 25-умин солгарди санаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди муҳассилини тоҷикистонии донишгоҳҳои шаҳри Пекин ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои таърихӣ табрик намуда, роҷеъ ба моҳияти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатдорӣ, саҳму талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими ҳукумати кишвари ҷавону соҳибистиқлоламон, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун, оид ба дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Дар рафти чорабинӣ Атташеи ҳарбии Сафорати Тоҷикистон дар Чин Илҳомҷон Ҳафизов оид ба масъалаҳои дифои Ватан, Мушовири Сафорат Шуҳрат Собирзода дар мавзӯи: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимми сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсон”, донишҷӯёни тоҷик Фараҳноз Умарзода, Манучеҳр Камолов, Парвина Сиякова, Меҳроҷ Камолов оид ба 25-умин солгарди санаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.

Композитсияи адабӣ-мусиқии “Ватан” дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳрии Пекин (Beijing City University) ҳамчун беҳтарин дастовези идона аз ҷониби иштирокдорон истиқбол гардид.

Дар ҳошияи баргузории маҳфили шавқовари саволу ҷавоб (викторина) ғолибон муайян гардида, донишҷӯёни фаъолу ғолибони озмун аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.