Боздиди Сафири Тоҷикистон аз музофоти Ҷиангсии Чин

05.11.2019(12:27)

1-4 ноябри соли 2019 бо даъвати Ҳукумати музофоти Ҷиангсӣ ва Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни мулоқотҳо бо муовини губернатори музофоти Ҷиангсӣ хонум У Ҷунчун ва муовинони раисони шахрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен доираи васеи масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни музофот ва шаҳрҳои зикргардида бо вилояту шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ,  сайёҳӣ,  маориф, фарҳанг ва санъат баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳаи саноат дар Тоҷикистон зиёдтар мебошад.

Дар доираи сафари корӣ Сафир роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ҷонибҳои манфиатдор маълумот дода, аз баъзе корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатии музофоти Ҷиангсӣ, аз ҷумла аз иттиҳодияи бонуфузи Чин «Jiangxi Copper Corporation Limited» боздид намуд.