Боздиди Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.10.2019(13:10)

27 октябри соли 2019 узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз Гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори Сафорат дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” дар шаҳри Пекин таъсис дода шуда буд, дидан намуд.

     Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Ван И ҳангоми суҳбати кутоҳ бо Сафир Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус лимон ёдовар шуд.

     Мавриди зикр аст, ки дар гӯшаи Тоҷикистон дар баробари хӯроку шириниҳои миллии тоҷикӣ, асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳо дар бораи таърих ва фарҳанги тоҷикон ва роҷеъ ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи зиёди сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шуданд.

Маблағҳои дар рафти намоишгоҳ ҷамъовардаи беш аз 90 сафоратхонаҳо в ташкилотҳои байналмилалӣ,  зиёда аз 50 ширкатҳои чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии деҳоти музофотҳои Чин ирсол хоҳад шуд.