Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Чин

23.10.2019(12:57)

14 октябр и соли 2019 дар шаҳри Пекин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар ҳафтум Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Чунхуа вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо ба татбиқи минбаъдаи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада аҳамияти хоса дода, таҳкиму густариш ёфтани ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории дар баррасии ҳарду ҷониб қарордошта муҳим арзёбӣ намуданд.