Иштироки Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҳафтум Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ

18.10.2019(12:00)

18 октябри соли 2019 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳбарии ҳайати  кишвар дар ҳафтум Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Дар рафти суханронии худ Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин на танҳо бо сарҳади муштарак, балки бо анъанаҳои қадими фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, ки аз давраи Роҳи абрешими бузург сарчашма мегиранд, бо ҳам пайванданд. Ҳамчунин зарурати бо талошҳои муштарак такмил додан ва таъсис додани абзорҳои нави ҳамкорӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои бузургӣ стратегӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои навоварӣ таъкид гардид.

Дар баробари иштироккунандагони анъанавии Форум, дар ҷаласаи даври навбатии он ҳамчунин Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ҳукумат ва дигар доираҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои АСЕАН иштирок намуданд.

Дар ҳошияи Форум зерфорумҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи логистикаи фаромарзӣ ва тиҷорати электронӣ, рушди муштараки шаҳрҳои ҳушманд ва ҳамкорӣ оид ба татбиқи низоми навигатсияи моҳворавӣ доир гардиданд.

Дар доираи Форуми дар боло номбурда ҳамчунин Форуми занони Чин-Осиёи Марказӣ доир карда шуд, ки дар он иштироккунандагон оид ба масъалаҳои таъмиқи табодул ва муттаҳидкунии саҳми занон баҳри рушд ва пешрафти давлатҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи “Камарбанд ва роҳ” изҳори назар намуданд.

Аъзои ҳайати Тоҷикистон дар зерфорумҳо фаъолона иштирок ва баромад намуда, ба иштирокунандагони онҳо дар бораи сиёсат ва муносибати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои муҳокимашаванда сухан гуфтанд.

Дар доираи Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ ҳамчунин Намоишгоҳи кишварҳои иштироккунандаи Форум ташкил карда шуд. Дар он беҳтарин намунаҳои маснуоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, аксҳо ва маводҳои иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, санъати мардуми тоҷик ва забони тоҷикӣ, боигариҳои табиӣ, мавзеъҳои диққатҷалбкунанда, имкониятҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои  фаъолияти кишвар инъикос ёфтанд.