Вохӯрии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин

17.10.2019(11:16)

17 октябри соли 2019 дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Чин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар ҳафтум Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Шэн Юэюэ мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба қарордошта, аз ҷумла татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, таҳкиму густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои амалии ҳарду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитариро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо бар он ақида буданд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳими шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб рафта, тақвият ва тавсеаи ёфтани онҳо, инчунин миёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи амалӣ дастгирӣ ва мусоидати воқеии лозима мерасонанд.