Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Фанчэнган

16.10.2019(08:14)

16 октябри соли 2019 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси шаҳри наздисарҳадии Фанчэнгани вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Бан Ҷунбай вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва шаҳри Фанчэнган, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи Минтақаи бунёдшавандаи санҷишии байналмилалӣ оид ба рушди тиб барои ҳамкории дахлдори шаҳри Фанчэнган бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.