Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим

16.10.2019(07:59)

15 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба Чин бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим (Silk Road Fund) Сие Дуо вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ин институти молиявӣ ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин густариши робитаҳои судмандро дар ҳошияи “Камарбанд ва роҳ” изҳори назар намуданд. Таъкид бар он шуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ин ташаббусро дастгирӣ намудааст ва аввалин шуда дар доираи он бо Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади ҳамкорӣ ба имзо расондаст.