Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин

15.10.2019(07:34)

15 октябри соли 2019 дар шаҳри Наннин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар ҳафтум Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Чэн У вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди батадриҷи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамсоягии нек, тавсеа ёфтани робитаҳои байниминтақавиро, ки яке аз самтҳои асосии шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид бар он карда шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармогузорӣ ва потенсиали калони ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам мебошанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди манфиатдорӣ ва имкониятҳои якдигар, инчунин истиқрори муносибатҳои бародариро байни шаҳру ноҳияҳои ҷонибҳо баррасӣ намоянд.