Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ҳайати Донишгоҳи Шаҳрии Пекин

27.09.2019(06:11)

26 сентябри соли 2019 Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳайати Донишгоҳи Шаҳрии Пекин (Beijing City University)-ро таҳти роҳбарии Президенти Донишгоҳи мазкур ҷаноби Лин Лиу ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар самти илму маориф ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасони тоҷик барои таҳсил дар макотиби олии чинӣ ва баръакс, ҳавасмандии олимони ҷавони Чин барои омӯзиши таърих, забон ва фарҳанги қадимаи тоҷикон зиёдтар мегардад.

Дар анҷоми мулоқот масъалаи густариши робитаҳои судманди ҳамкорӣ баррасӣ шуданд, ки ҷонибҳо дар раванди кор ҷиҳати амалӣ шудани онҳо талош хоҳанд варзид.