Муаррифии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ дар шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин

25.09.2019(12:20)

22-24 сентябри соли 2019 Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо даъвати Ҳукумати мардумии шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсу Чин дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии “Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ” иштирок намуд.

Ба хотири муаррифии шоистаи фарҳанг ва санъати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷашни 28-солагии Рӯзи истиқлолияти кишварамон ва 70-солагии  таъсисёбии Чин ду нафар намояндагони кишвар-овозхони Ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Эраҷ Олимов дар ин чорабинии байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҳошияи Фестивали болозикр ҳунарнамоии овозхони Ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва асарҳои рассомии ба маърази намоиш гузоштаи Эраҷ Олимов ҳамчун намунаҳои беҳтарини намоиши фарҳанг ва санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҳарду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи “Қосиди фарҳангии Роҳи абрешим”-и Фестивали байналмилалии “Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ” мушарраф гардиданд.

Зимни сафари корӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳамчунин бо роҳбарият ва намояндагони идораҳои фарҳанг, сайёҳӣ, тиҷорат, маорифи шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсу Чин мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, дар рафти онҳо таҳкиму густариши робитаҳои судманди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин музофотро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дод.