Боздиди Сафири Тоҷикистон аз шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин

25.09.2019(12:10)

22-24 сентябри соли 2019 бо даъвати Ҳукумати мардумии шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсу Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳри Хайан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот бо Котиби ҳизбии Ҳукумати мардумии шаҳри Хайан Гу Гуобиао ва мизи мудаввар доираи васеи масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни шаҳри Хайани Чин ва шаҳрҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои густариши ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла соҳаи нассоҷӣ, пиллапарварӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолот то маҳсулоти ниҳоӣ дар Тоҷикистон зиёдтар мебошад.

Сафир роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, Иттиҳодияи «Пенгфэй Ҷиангсу» -ширкати шаҳри Хайанро, ки дар кишварамон фаъолияташро муваффақона оғоз намудааст, ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ намуд.