Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Smart China Expo-2019»

28.08.2019(21:14)

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Smart China Expo-2019», ки 26-29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Чунтсини Чин доир гардид, иштирок намуд.

Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи мазкур соддагардонии табодули байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир (Smart- доно) ва таъмиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Намоишгоҳ бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин ва Шӯрои давлатӣ (Ҳукумат)-и Чин роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Вазорати илм ва технология, Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотӣ, Академияи илмҳои Чин, Академияи муҳандисии Чин, Асотсиатсияи Чин оид ба илм ва технология ва Ҳукумати мардумии шаҳри Чунтсин баргузор мегардад.

Барномаи Намоишгоҳ аз маросими ифтитоҳ ва зериҷлосияву зерфорумҳо, ки аз ҳамкориҳо дар доираи технологияи 5G то истифодаи технологияҳои доно дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварҳоро дарбар мегиранд, иборат мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ ашхоси баландпояи сохторҳои марбута аз кишварҳои хориҷӣ, мақомоти роҳбарикунандаи Чин, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва раҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Пекин иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар маросими кушодашавии Намоишгоҳ, ҳамчунин бо муовини Раиси шаҳри Чунтсин Пан Йичин вохӯрии дуҷониба анҷом дод, ки дар рафти он мавзӯи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо шаҳри Чунтсин муҳокима гардиданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Чунтсин шаҳри тобеи марказии Чин ба ҳисоб меравад ва 30 млн. аҳолӣ дорад. Рушди ин шаҳр солҳои охир равнақ ёфта, он аллакай дар радифи шаҳрҳои пешрафтаи Чин қарор гирифтааст.

Ин ҷост, ки ҷонибҳо доираи имкониятҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону шаҳри Чунтсини Чинро дар риштаҳои мухталиф васеъ ва фарогир арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо соҳибкори маъруфи чинӣ, молик ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Alibaba Group Ҷек Ма низ мулоқот намуд. Сафир ҳамчунин аз Ҷек Ма даъват ба амал овард, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ба Тоҷикистон ташриф орад.