Таҷлили Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Чин

22.08.2019(07:38)

20 августи соли ҷорӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 ва меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсӣ воқеъ дар мавзеи Янчини шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки 300 нафар меҳмонон аз ҳисоби кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвари иқомат, роҳбарият ва кормандони маъмурияти Намоишгоҳи номбурда, намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи Чин, ширкатҳои чинӣ ва васоити ахбори оммаи Чин, роҳбарият ва кормандони гӯша(павилон)-ҳои кишварҳои гуногуни хориҷӣ дар ин Намоишгоҳ, роҳбарият ва кормандони як қатор сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Бояд қайд кард, ки 28 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Камарбанд ва Роҳ” ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони дигар давлатҳои хориҷӣ дар маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок намуда, аз гӯша (павилон)-и Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ дидан карданд.

Дар маросими расмии таҷлили Рӯзи миллии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ муҳтарам Иззатулло Сатторӣ иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 таҳти шиори «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ширкат дошта, дар Намоишгоҳ зиёда аз 30 навъу намудҳои маҳсулоти боғу токпарварӣ дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст. Ҳамарўза Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна 23 000 одам тамошо намуда, инчунин бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос мегарданд, дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо менамоянд.

Дар навбати худ роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳими минтақа, хусусан дар масири “Камарбанд ва Роҳ” арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ баҳои баланд дод.

Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин ҳозиринро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик карда, беҳтарин таманниётро изҳор намуданд.

Ба меҳмонон зиёфати бошукуҳи идона бо хӯрокҳо ва пӯхтаниҳои миллӣ ороста шуд. Дар идомаи маросими расмӣ ва дар рафти зиёфати идона ба меҳмонон барномаи рангину ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.

Баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи кишвари иқомат қарор гирифта, ба таври васеъ инъикос шуд.