Мулоқоти Сафир бо роҳбарияти Ассотсиатсия оид ба рушди истеҳсолоти Чин дар хориҷа

01.07.2019(13:59)

28-уми июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии Ассотсиатсия оид ба рушди истеҳсолоти Чин дар хориҷа Хе Зенвэй мулоқот намуд.

Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби ширкатҳои чинӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати иштироки ширкатҳои чинӣ дар раванди саноаткунонии босуръат, рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои рушди иқтисоди миллӣ, ба роҳ мондани иртибот миёни ассотсиатсияи номбурда ва сохторҳои дахлдори  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.