Иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад

26.06.2019(06:47)

13-14 июни соли 2019 дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Роҳбарони давлатҳои узв иҷрои натиҷаҳои нишасти Ҷиндао-2018 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди минбаъдаи СҲШ-ро дар бофтори равандҳои кунунӣ дар сиёсат ва иқтисоди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Мавқеи ҳамоҳангшудаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, тиҷорат ва иқтисод, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ  дар ҷаҳорчӯби  СҲШ дар Эъломияи қабулшудаи Бишкек бозтоб ёфтанд.

Мутобиқи муқаррароти СҲШ, дар ҷараёни нишасти Бишкек, раёсат дар СҲШ ба Федератсияи Русия гузашт. Аз ин рӯ, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки чун одат миёнаи ҳар сол даъват мешавад, соли 2020 дар Федератсияи Русия баргузор хоҳад гардид, ки дар рафти он раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гузашт. Мутаносибан иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.

Тоҷикистон раёсатро дар Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ва ҷаласаҳои намояндагони доимии СҲШ ба дӯш хоҳад гирифт.

Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.

Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад.

Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.