Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми якуми байналмилалии СҲШ оид ба навоварӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи тиб

27.05.2019(08:12)

27-уми майи соли 2019 Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми якуми байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба навоварӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи тиб, ки дар шаҳри Фанчэнгани ноҳияи худмухтори ҷуаннишини Гуансии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар маросими расмии кушодашавии Форум Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода суханронӣ намуда, бо роҳбарони ҳайатҳо аз намоиши дастовардҳо ва таҷҳизоти муосири тиббӣ дидан намуданд.

Дар Форум намояндагони кишварҳои аъзо, кишварҳои нозир ва шарикони муколамавии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маҷмӯъ 800 нафар иштирок намуда, масъалаҳои таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи навоварии тиббӣ ва таъмини беҳдошти саломатиро баррасӣ намуданд.