Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чин

23.05.2019(13:01)

17 майи соли 2019 дар шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ ёфтанд.

Маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва консерти ботантанаи он дар толори Театри давлатии таърихии «Эрчи» (Ergi) бо барномаи рангини ҳунармандони маъруфи кишварамон – Исмоил Назриев, Давлат Назриев, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Фирдавс Ҳошимов, ансамблҳои рақсии «Гулрез», «Парасту» , «Лола» ва ансамбли асбобҳои халқии «Дарё», доир гардид.

Дар остонаи чорабинӣ, мулоқоти дуҷониба миёни муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Обид Назаров ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Чин  Ҷан Суй доир гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо аз сатҳи баланди равобит миёни ду кишвари дӯст ва ҳамсоя  дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки  ҳарду кишвар дар оянда низ ҷиҳати таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо дар ҳошияи муносибатҳои дуҷонибаи стратегии ҳамаҷониба талош хоҳанд варзид.

Дар мулоқот тарафҳо ҳамчунин ба баргузории Форуми «Гуфтугӯйи тамаддуни Осиё», ки дар нимаи моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин доир гардида буд, ҳамчунин иштироки фаъолонаи ансамблҳои рақсии «Парасту» ва «Лола»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертиӣ дар карнавали форум баҳои баланд доданд.

Пас аз мулоқот роҳбарони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Чин аз намоишгоҳи мусаввараҳо ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва намоиши аксҳо, ки дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон бахшида ба кишвари зебову нодири кӯҳистони мо дар пештолори  Театри давлатии таърихии «Эрчи» (Ergi) доман афрохта буд, дидан намуданд.