Муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар «Карнавали тамаддуни Осиё» дар Пекин

22.05.2019(06:51)

Шоми 15 майи соли 2019 дар Майдони миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин Карнавали бошукӯҳи байналмилалӣ, ки ба рангорангии тамаддунҳои осиёӣ бахшида шуда буд, доир гардид.

    Дар намоиши оммавӣ бо рақсу мусиқии ҷолиби худ наздики 8000 нафар ҳунармандон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Муғулистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркия ва Ветнам ширкат варзиданд.

Дар Карнавал, ки дар доираи Форуми «Гуфтугӯйи тамаддуни Осиё» доир гардид, Раиси Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ Пэн Лиюан, аз ҷумла меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ҳангоми суханронии худ Си Ҷинпин изҳор намуд, ки фарҳангу тамаддуни Осиё ба шарофати рангорангии худ дорои тамаддуни бой ва нерӯи ҳаётӣ будани онро шаҳодат медиҳад.

Ба андешаи пешвои чинӣ, фарҳанг як омилест, ки сарҳадҳои миллиро убур намуда, ба қалбҳои одамони дигар роҳ меёбад ва ақлҳоро бо ҳам наздик мекунад. Тавассути фарҳанг ва тамаддуни бойи минтақа ҷаҳон Осиёи дурахшон, рушдёбанда, сулҳовар ва пешрафтаро хоҳад дид.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар «Карнавали тамаддуни Осиё» дар шаҳри Пекин ба таври шоиста муаррифӣ гардид.

Дар он ба ҳайси намояндагӣ аз кишвар ансамблҳои рақсии Тоҷикистон- «Парасту» ва «Лола» бо барномаи рангини рақсӣ ширкат карданд.

29 нафар нозаниндухтарони тоҷик рақси зебою миллии мо «Чакан»-ро хеле бошукӯҳу ботантана пешкаши ҳозирин намуданд, ки ба он баҳои баланд дода шуд.