Дастаи наврасони Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Роҳи Абрешим – Хуашан-2019» гардид

11.04.2019(12:44)

Дастаи наврасонаи Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии  Ҷоми «Роҳи Абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин гардид.

Дар бозии ниҳоӣ наврасони тоҷикистонӣ бо тими Чин мусобиқа намуда, онро дар тавозуни баробарӣ – 0:0 анҷом доданд.

Шогирдони навраси Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа ҳарифони худ аз Қирғизистонро бо 8:0 ва Мянмаро бо5:0 мағлуб намуданд.

Дар маросими ҷамбастӣ дастаи наврасонаи Тоҷикистон ҳамчуни ғолиби мусобиқаи байналмилалии футбол бо Ҷоми «Роҳи Абрешим – Хуашан-2019» сарфароз гардид.

Наврасони тоҷикистонӣ Сафармад Ғаффоров – дарвозабони беҳтарин, Абдулфаттоҳ Худойдодзода – ҳамлагари беҳтарин ва Муҳаммадворис Сайдалиев, ки 4 гол задаст, голзани беҳтарини мусобиқа эътироф шуданд.

Ёдовар мешавем, ки иштироки дастаи наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқот барои иштироки онҳо дар мусобиқоти интихоботии Чемпионати Осиё- 2020, ки моҳи сентябри соли равон доир мегардад, замина фароҳам овард.