Тантанаи наврӯзии ҷавонони тоҷик дар Пекин

25.03.2019(12:37)

23 марти соли 2019 бо ташаббуси Анҷумани донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод/UIBE шумораи зиёди ҷавонони тоҷикистонӣ низ дар шаҳри Пекин Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳозиринро бо иди баҳорӣ табрик намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ба шарофати  озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди Наврӯз на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки барои ҳар яки мо ин бояд мояи ифтихори бузург ва боиси шукронаи истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бошад.

Парвиз Давлатзода ҳамчунин таъкид бар он намуд, ки баргузории «Корвони Наврӯз», ки имсол дар пойтахти Тоҷикистон бо шукӯҳу ҳашомати баланд доир гардид, дар асл метавонад мисли «маҳаки дохилии рушди иқтисодӣ» арзёбӣ гардад, зеро он дар раванди ба миён омадан ва рушди минбаъдаи индустрияи (саноати) фарҳангу сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Ин ибтикороти нави созандаро соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар саросари кишвар бояд дар ҳаёт татбиқ намоянд. “Бахусус ҷавонони муосири кишвар, ки дорои нигоҳи тамоман ҷадид мебошанд, бояд дар бунёди тарҳҳои нав оид ба фароҳам овардани табақаи креативӣ, брендинги (рамзи муаррифии) саноати фарҳанг ва сайёҳӣ, аз ҷумла бо истифода аз рукнҳои Иди Наврӯз талош варзанд. Рақобати озод дар ин самт метавонад ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини рақобатпазирӣ мусоидат намуда, боиси ба миён омадани омилҳои умедбахш, аз қабили рӯи кор омадани лоиҳаҳои нав ва маҳсулоти саноати фарҳанг ва сайёҳӣ дар кишвар гардад”.

Сафир бо ишора ба таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати ҷавонон, хусусан донишҷӯён, онҳоро ба хониши хубу аъло, гирифтани донишу малакаи босифат, азхуд кардани касбу ихтисосҳои барои кишвари мо муҳим ва риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат даъват намуд.

Дар ҳошияи ҷашнвора ҷавонону донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки бо хониши хубу аъло ва иштироки фаъолонаи худ дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ҳузури чашмгир доштаанд, бо ифтихорномаҳои фахрии Сафорати Тоҷикистон дар Чин сарфароз карда шуданд.