Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо намояндаи махсуси ВКХ Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ

12.03.2019(09:17)

12 марти соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ Чэн Гуопин мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба дар соҳаи амният ва иртиботу ҳамкорӣ дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.