Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Бунёди Роҳи абрешим

07.03.2019(08:53)

6 марти соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Директори генералии навтаъини Бунёди Роҳи абрешим Сие Дуо мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳо оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо, хусусан ҷалби имкониятҳои сармоягузории Бунёд ба бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Бунёди Роҳи абрешим ва Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам равнақ хоҳанд ёфт.