Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин

22.02.2019(14:29)

22 феврали соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Муовини навтайини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии  Чин Чжан Ханхуэй мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,   сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ,  фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалӣ табодули назар доир гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарокати стратегии ду кишвари ҳамҷавор боз ҳам равнақ хоҳанд ёфт.