Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин

25.01.2019(07:21)

22-25 январи соли 2019 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Сомони ҳамкории Шанхай ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласа зиёда аз 40 мавзӯъҳои мубрам ва ҷории рӯзномаи фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои мавриди коркард муҳокима гардиданд.