Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Чин бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ

09.01.2019(09:15)

8 январи соли 2019 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ Владимир Норов доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар доираи СҲШ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои асосии Созмон дар соли 2019 – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Бишкек ва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд табодули назар намуданд.

Котиби генералии СҲШ қайд намуд, ки  батадриҷ баланд рафтани эътибори СҲШ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назди Котиботи СҲШ вазифаҳои фаромиқёс оид ба нигаҳдории анъанаҳои нек, инчунин вобаста ба такмил додани абзорҳои кори Котибот барои иҷрои бомуваффақонаи ҳамаи вазифаҳои дар назди Созмон буда вомегузорад.

Парвиз Давлатзода Владимир Норовро ба муносибати расман шурӯъ намудан ба иҷрои вазифа табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳо дар ин вазифаи пурмасъул ва татбиқи ҳадафҳои гузошташуда таманно намуд ва ҳамчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд низ дастгирӣ намудан аз татбиқи ҳадафҳои банақшагирифташудаи Созмон изҳор намуд.