Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Раёсати давлатии Чин оид ба корҳои нашр ва интишори адабиётҳо ба забони хориҷӣ

24.12.2018(08:44)

21 декабри соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо муовини Раиси Раёсати давлатии Чин оид ба корҳои нашр ва интишори адабиётҳо ба забони хориҷӣ Фан Ҷенхӯй мулоқот намуд. Дар рафти он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тарҷума ва нашри китобҳои муҳими давлатӣ, адабиётҳои бадеӣ, инчунин ҳамкории Сафорат бо зерсохторҳои Раёсати мазкур баррасӣ шуданд.

Баъд аз вохӯрӣ Парвиз Давлатзода ва Фан Ҷенхӯй дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили 13-умин солгарди интишори бахши русии маҷаллаи “Чин” иштирок намуданд.

Дар рафти суханронии худ Сафири Тоҷикистон ҳозиринро бо ин ҷашн табрик гуфта, маҳорати касбӣ ва сифати баланди маводҳои омоданамудаи кормандони ин нашриётро қайд кард ва омодагии Сафорати Тоҷикистонро дар Чин ҷиҳати боз ҳам фаъолона ҳамкорӣ намудан бо маҷалаи мазкур изҳор дошт.