Боздиди кормандони Сафорат аз Намоишгоҳи дастовардҳои Чин дар зарфи 40-соли ислоҳот ва сиёсати бозшавӣ

22.11.2018(14:00)

21-уми ноябри соли 2018 аҳли кормандони Сафорат аз Намоишгоҳи дастовардҳои Чин дар зарфи 40-соли ислоҳот ва сиёсати бозшавӣ, ки 13-ноябри соли 2018 дар толори Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин ифтитоҳ гардид, боздид намуданд.

 Намоишгоҳи мазкур таърихи чаҳор даҳсолаи ахири Чинро дар бар гирифтааст, бо ташаббуси Кумитаи марказии Ҳизби Комунистии Чин, шӯъбаи тарғиботи Кумитаи марказии Ҳизби Комунистии Чин, Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳот, Вазорати тиҷорати Чин ва дигар муасисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратии кишвари иқомат дар якҷоягӣ ташкил ва роҳандозӣ шудааст.

Дар Намоишгоҳ аксу мусаввараҳои таърихӣ, наворҳои видеоӣ, модулҳои меъморӣ ва технологияи маҷозӣ тавре ҷойгир шудаанд, ки марҳилаҳои таърихи миллати чиниро дар зарфи 40-соли ислоҳот ва бозшавӣ, муаррифӣ мекунанд.