Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо мухбири Рӯзномаи “China Energy News” ба муносибати ба кор дароварда шудани агрегати якуми НБО-и “Роғун”

19.11.2018(10:51)

Дар арафаи ба кор дароварда шудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо мухбири Рӯзномаи “China Energy News”-и Агентии иттилоотии Женмин Жибао доир гардида, он дар Рӯзномаи номбурда таҳти унвони “Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи энергетика вусъат меёбанд” ба нашр расонида шуд.

Дар мусоҳибаи мазкур зарурат ва муҳимияти бунёди НБО-и “Роғун” дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, ба воситаи энергияи сабз рушд бахшидан ба иқтисодиёти кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика, хусусан таъмини кишварҳои минтақа ба энергияи аз лиҳози экологӣ тоза, аз ҷумла тавассути лоиҳаи CASA-1000 қайд гардидааст.

Дар мусоҳиба мухбири Рӯзнома НБО “Роғун”-ро ба НБО-и “Санся” (Се дара), ки барои Чин низ ифтихори миллӣ ба ҳисоб рафта, дар системаи энергетикии ин кишвар нақши ниҳоят муҳим дорад, баробар намудааст.