Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба шаҳри Чиндаои Чин

24.07.2018(14:45)

  20-21 июли соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба ноҳияи навбунёди наздисоҳилии ғарбии шаҳри Чиндаои музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом дод.

  Дар доираи сафар вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон бо муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Чиндао Лю Ҷиянҷун ва Ван Люмин доир гардиданд.

  Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба батадриҷ рушд ёфтани муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ табодули назар намуда, густариш ва тавсеаи ҳамкориҳоро байни шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон ва Чин, ки яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба ҳисоб меравад, мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

  Роҳбарияти шаҳри Чиндао аз иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндао моҳи июни соли ҷорӣ ёдовар шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ҷиҳати бомуваффақ анҷом ёфтани он сипосгузорӣ намуд. Ҳамчунин манфиатдории шаҳри Чиндао барои истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо яке аз шаҳр ё ноҳияҳои Тоҷикистон изҳор гардид.