Ифтитоҳи Лагери тобистонаи СҲШ-2018 дар Пекин

09.07.2018(12:27)

9 июли соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Лагери тобистонаи СҲШ-2018, ки дар шаҳри Пекин   доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур, ки бо ибтикори Вазорати маорифи Чин баргузор гардид, намояндагони расмии 4 давлати узви СҲШ, аз ҷумла шумораи зиёди иштирокдорони лагер аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия ширкат варзиданд.

Аз ҷониби кишвари иқомат ҳозиринро муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тян Сюйцзюн хайрамақдам гуфта, оғози мавсими нави Лагери СҲШ-ро ба ҳамагон табрик намуд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳангоми суханронии хеш изҳор дошт, ки дар марҳилаи раисукунии Чин дар СҲШ мо шоҳиди  ҳаводиси муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ дар кишвари иқомат гардидем. Баргузории Лагери тобистонаи СҲШ-2018 бо иштироки насли наврас аз кишварҳои минтақа занҷирае аз ин чорабиниҳои муҳим мебошад.

Иштирок дар Лагери СҲШ-2018 ба наврасон аз кишварҳои мухталиф имконият хоҳад дод, ки  аз шаҳрҳои зебои Чин дидан намуда, бо фарҳанг ва таърихи куҳани ин миллати бузург аз наздик ошно шаванд.

Роҳбари намояндагӣ аз тоҷикистониёни наврас даъват ба амал овард, ки ҳангоми лагери мазкур қобилиятнокии худро нишон диҳанд, истироҳат кунанд ва дӯстони нав ёбанд, муҳимтар аз ҳама Ватани худ-Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.