БРИФИНГ ДАР САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН

31.05.2018(14:28)

31 майи соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин брифинги матбуотӣ оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки  баргузории он 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, доир гардид.

Дар брифинг зиёда аз 15 нафар намояндагони пешсафи воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, аз ҷумла Оҷонсии иттилоотии “Синхуа”, нашрияи  бонуфӯзи “Жэмин Жибао”, Радиои умумикишварии Чин, Телевизиони марказии Чин “ССТV –Русский”, маҷаллаи моҳвораи давлатии “Китай” ва дигар расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд.

Варақаи иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба конфронс, ҳамчунин Дувумин иттилоия оиди ин нишасти муҳими байналмилалӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ миёни иштирокдорони брифинги матбуотӣ паҳн гардид.