Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҷан Ханхуэй

29.05.2018(09:58)

28 майи соли 2018 Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси “Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон”, ки дар шаҳри Пекин доир гардид, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Ханхуэй мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, илмию фарҳангӣ  баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавӣ, бахусус роҷеъ ба вазъияти Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Ханхуэй таъкид бар он намуданд, ки иштироки роҳбарони ду кишвар дар Саммити дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао, ҳамчунин доир намудани ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирони) давлатҳои узви СҲШ-ро моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ мекунанд.