Вохӯриҳои дуҷонибаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин

22.05.2018(04:58)

21 майи соли 2018 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Вохӯрии сенздаҳуми Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии дуҷонибаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Чжао Кэчжи доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муҳимияти тадбиқи мувофиқаҳои миёни сарони ҳарду давлат бадастомада ва санадҳои дар соҳаи амният баимзорасидаро қайд карда. доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ҳарду кишвар дар самти таъмини амният ва субот, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро муҳокима намуданд. Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо талошҳо ва саҳми давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Чинро дар ташаккулёбӣ ва рушди Созмони мазкур қайд карда, аз он изҳори ҳамфикрӣ намуданд, ки ин Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ барои омода намудани Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Чиндао марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳоров ҳамчунин бо Мушовир оид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Насер Хан Ҷанҷуа вохӯрӣ намуд. Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои рӯзмараи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, таҳким ва тасеаи минбаъдаи онҳоро таъкид карданд.

Республика Таджикистан приветствовал первое участие Пакистана во Встрече Секретарей Советов безопасности государств-членов ШОС и была выражена уверенность в дальнейшем взаимовыгодном сотрудничестве в рамках данной Организации.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки якуми Покистонро дар Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ хуш пазируфта, оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан муфид дар доираи ин Созмон изҳори боварӣ карда шуд.