Боздиди Сафири Тоҷикистон аз шаҳри Бенгбуи музофоти Анхой

03.04.2018(14:23)

2 апрели соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҷиҳати шиносоӣ бо лоиҳаи бузурги фарҳангӣ-сайёҳии “ЭКСПО-парки хонаҳои қадима”, ки аз ҷониби Ширкати Шанхай Сиангҷианг бунёд шуда истодааст, аз шаҳри Бенгбуи музофоти Анхойи Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид ба амал овард.

Дар рафти сафар мулоқотҳои Сафир бо муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг, ки ҳамзамон вазифаи Раиси Идораи савдо ва саноат, назорати сифати технологияҳоро ба зимма дорад, Раиси ширкати Сианҷианг Ма Гуосианг ва дигар масъулини лоиҳаи дар боло номбурда баргузор гардида, зимни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу сайёҳӣ муҳокима шуданд.