Сафари Сафири Тоҷикистон ба Урумчӣ

28.03.2018(12:35)

25-26-уми марти соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғри Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом дод.

Ҳангоми сафар мулоқоти ӯ бо Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғри Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир доир гардид, ки  зимни он доираи васеъи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Чин, аз ҷумла бо Синзяни Чин баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ҳавасмандии худро баён доштанд.

Ҳамзамон, Сафир ҳангоми баррасии масъалаҳои минтақавӣ, бо такя ба банди марбутаи Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, таъкид бар он намуд, ки Тоҷикистон ҳавасманди ба роҳи транзитӣ мубаддал додани роҳи автомобилгарди Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон ва интиқоли молу маҳсулот миёни кишварҳои минтақа мебошад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти кори Зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзиян Уйғур баён намуданд, ки он метавонад ба рушди равобити мо дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ мусоидат намояд.