Мулоқоти Сафир бо Роҳбари фонди “World Trade United Foundation”

07.03.2018(16:09)

5 марти соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Роҳбари фонди “World Trade United Foundation” ҷаноби Тан Юнг ва Директори ширкати “Heaven Springs Dynasty Harvest (Group) Limited” хонум Ҷанг Синчи мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаи иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Гонконг дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018), инчунин ҷалби онҳо ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулот бо истифодаи захираҳои бойи обии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муассиси фонд ба Сафир даъватномаи нуҳумин Форуми рушди устувор оид ба захираҳои обӣ (The 9th Sustainable Development Forum on Water Resources)-ро супорид ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳайси ташкилкунандаи чорабинии мазкур иштирок хоҳад кард.