Баргузории зиёфати кории сафирони кишварҳои ИДМ дар Пекин

27.02.2018(16:54)

27 феврали соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо иштироки сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Чин зиёфати корӣ баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба ҳамтоёни худ дар бораи чорабиниҳое, ки дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ баргузор мешаванд, маълумот дод.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ байни кишварҳои ИДМ ва сафоратҳои ин кишварҳо дар Пекин табодули назар ва иттилоъ сурат гирифт.