Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

05.02.2018(15:11)

Аз 30 январ то 2 феврали соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласа зиёда аз 30 масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмон, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (ш. Чиндао, 9-10 июни соли 2018), Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (ш. Душанбе, 11-12 октябри соли 2018), як қатор чорабиниҳои дар соли ҷорӣ баргузоршаванда ва дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.