Иштироки Намояндаи тиҷоратии ҶТ дар Чин дар Семинар бахшида ба масоили стратегияҳои воридшавӣ ба бозори кишварҳои масири «Як камарбанд-як роҳ»

01.02.2018(14:47)

29 январи соли 2018 дар шаҳри Ҳонконги Чин бо ташаббуси Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Ҳукумати шаҳри Хонконг ва ширкати сармоягузории шаҳри Ҳонконг (Hong Kong Investment Company FORC), Cеминар бахшида ба масъалаҳои стратегияи воридшавӣ  ба бозори кишварҳои масири «Як Камарбанд-Як Роҳ» ва аз ҷумла ба бозори Тоҷикистон дар чаҳорчубаи ташаббуси  “Як камарбанд – Як роҳ” (Тоҷикистон-Ҳонконг) баргузор гардид.

Дар рафти семинар Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Дамдоров Калон оид ба стратегияи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дастовардҳои ноилгардидаи иктисодиёти  Тоҷикистон  дар солхои охир, лоиҳаҳои инвеститсионии кишвар ва самтҳои ҷолиби ҳамкорӣ ва имкониятҳои иртибот дар соҳаҳои мухталифро муаррифӣ намуд.

Дар семинар  зиёда аз 150 нафар намояндагони ширкатҳои Ҳонконг, намояндагони ҳукумати шаҳри Ҳонконг ва дигар мақомотҳои маҳаллӣ иштирок намуданд.