Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи олии “Фарҳанг ва сайёҳат”

12.12.2017(07:41)

Рӯзҳои 8-10-уми декабри соли 2017 дар шаҳри Саняи музофоти Хайнан бо ташаббуси Кумитаи таблиғотии Ҳизби коммунистии Ҳукумати шаҳри Саня ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, телевизион ва радиошунавоӣ, матбуот ва варзиши шаҳри Саня ва Раёсати тиыорати шаҳри Саня дар доираи Дуюмин ЭКСПО-и байналмиллалии саноати фарҳангӣ-2017 Форуми байналмиллалии сатҳи олии “Фарҳанг ва сайёҳат” доир гардид, ки дар рафти он зиёда аз 500 нафар аз 30 кишвари хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз намояндагони сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Руминия ва Юнон даъват шуда буданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо истифода аз Форуми мазкур бо баромади пурмуҳтаво ва наворҳои таблиғотӣ суханронӣ карда, ба иштироккунандагон ҷазобат ва имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон, инчунин ҷанбаҳои гуногуни сармоягузории кишварро муаррифӣ намуд.