Чорабинии ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.11.2017(11:11)

11 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли ҷавонон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 23-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷуёни тоҷик чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо кормандони Сафорат ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшу иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамарӯза афзудани эътибори байналмилалии он, дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон цайд намуданд. Ҳамчунин ба донишҷуён таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон, ватандусту ватанпараст будани онҳо, донишандухтану таҷрибаомӯзӣ, аз худ кардани технологияҳои муосир, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.

Дар навбати худ донишҷуён низ дар робита ба ҳар як санаи ҷашнӣ суханрониҳо карда, сурудҳои ватандӯстона хонданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ вобаста ба ҳар як мавзӯъ озмун доир карда шуда, ба донишҷуён саволҳои дахлдор дода шуд.

Дар фарҷом донишҷуёни фаъолу ғолибони озмун аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.