Тоҷикистон ва Чин: муносибатҳо ба сатҳи нав мебароянд

13.09.2017(08:06)

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 30 август то 1 сентябри соли 2017 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Ин мулоқоти дуюми сарони ду кишвари дӯст дар соли равон мебошад.

Чин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳошияи муколамаи фаъол ва мунтазами ҷонибҳо дар сатҳи олӣ сурат гирифта, дар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкорӣ арҷгузорӣ мешавад.

Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни ду кишвар ба таври қаноатбахш афзоиш ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба муваффақиятҳои дастрасшуда азм дорад ҷиҳати рушд ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо назардошти шароити созгори қаробати ҷуғрофӣ ва муштаракоти иқтисодӣ ҷидду ҷаҳди худро бемайлон бештар кунад.

Бо назардошти талаботи воқеии рушди муносибатҳои дуҷониба ва талоши ҷиддии ду кишвар ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки муносибатҳо ба сатҳи нав – шарикии стратегии ҳамаҷониба бароварда шаванд.

Зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи байни кишварҳои аъзои БРИКС ва  5 кишвари рӯ ба инкишоф, ки ба ин ҳамоиш даъват шудаанд, пешбинӣ шудааст. Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 3-5 сентябр дар шаҳри Сямини ҶМЧ баргузор мешавад.

Зимни сафари давлатӣ гуфтушуниди сарони ду мамлакат дар фазои фораму дӯстона баргузор гардида, ба муваффақиятҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ дар давоми 25 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баҳои баланд дода шуд. Гуфтушунидҳо дар рӯҳияи комили ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои дуҷониба, байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки барои ҷонибҳо аҳамияти муштарак доранд, баргузор шуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои сафари давлатӣ Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба ва як зумра санадҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти минбаъдаи муколамаи сарони ду кишвар, ҳамчунин мубодилаи байнипарламентӣ ва байниидоравӣ ва машваратҳо дар сатҳҳои гуногун, инчунин ҳаматарафа баланд бардоштани эътимоди сиёсии ҳамдигарӣ, нигоҳ доштани муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ қарор қабул карданд.

Тоҷикистон ва Чин ба таври фаъолона дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла дар доираи СММ ва СҲШ.

Ҳар ду мамлакат оид ба аксар масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ва ё наздик доранд.

 

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.