Ҷамъомади сохторҳои ғайриҳукуматии МҲТБО дар Пекин

28.06.2017(10:07)

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми Форуми сохторҳои ғайриҳукуматии Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 28-29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин таҳти шиори “25-умин солгарди МҲТБО: баҳри амният ва рушди Осиё” баргузор шуда истодааст, иштирок дорад. Дар Форуми мазкур тахминан 300 нафар намояндагони Чин ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла собиқ сиёсатмадорони баландпоя, коршиносон ва олимон, намояндагони ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматии давлатҳои аъзои МҲТБО ва кишварҳои нозири он иштирок доранд.

Дар маросими кушодашавии Форум аз ҷониби кишвари мизбон собиқ Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Ҷаосин баромад намуд. Щамчунин паёми табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ироа гардид. Дар ҷаласаи васеи он аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Вазири корҳои хориҷии кишвар академик Талбак Назаров суханронӣ карданд.

Ҳамчунин ҳашт мизи мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун доир мегарданд.