Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон

19.06.2017(14:42)

Рӯзи 19 июни соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд.

Тибқи муқаррароти моддаи 20-и Шартномаи дар боло номбурда, он дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо менамояд.