Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Конго

13.06.2017(09:30)

13 июни соли 2017 дар ш.Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Конго Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Конго дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Даниел Овасса ба имзо расониданд.

 

Establishment of Diplomatic Relations with the Republic of Congo

On 13 June 2017 in Beijing there was held a signing ceremony of the Joint Communiqué on the establishment of diplomatic relations between the Republic of Tajikistan and the Republic of Congo.

The Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan to the People’s Republic of China H.E. Mr. Parviz Davlatzoda and the Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Congo to the People’s Republic of China H.E. Mr. Daniel Owassa signed the Joint Communiqué.