Нашри мақола зери унвони «Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ»

31.05.2017(20:50)

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пешомади ҷашни Ваҳдати миллӣ, санаи 31-уми майи соли равон мақолае зери унвони “Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ” (至塔吉克斯坦民族和解二十周年) дар саҳифаи расмии интернетии “Маҷаллаи Чин”(中国杂志)дар «Sina Weibo» ба нашр расид.

Мақолаи мазкур дар матни чинӣ ба се қисми бузург ҷудо карда шуда, аз пешгуфтор бо суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо созандагию бунёдкорӣ ва қадршиносии арзишҳои миллӣ оғоз ёфта, талошҳои мардуми Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу истиқлолро инъикос кардааст.