«Тоҷикистон 2030»: Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро муаррифӣ гардид

24.05.2017(10:49)

Рӯзи 24 майи соли 2017 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин «мизи мудаввар» бахшида ба муаррифии санади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир гардид.

«Мизи мудавар» бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарият ва кормандони марказҳои илмию тадқиқотии кишвари иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва васоити ахбори омма, кормандони Котиботи СҲШ, инчунин намояндагони корхонаҳои чинӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, иштирок доштанд.

Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, қайд намуд, ки «Тоҷикистони муосир – ин кишвари тадриҷан рушдкунанда мебошад ва қабули чунин санади стратегӣ самти минбаъдаи рушди кишварро муайян мекунад». Р. Олимов ба он далел тазаккури махсус дод, ки «тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар татбиқ намудани як қатор ташаббусу лоиҳаҳои муҳими стратегии берунӣ ва дохилӣ муаяссар гардид, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Дар баробари ин Р. Олимов таваҷҷуҳи иштирокдорони «мизи мудаввар»-ро ба он ҷалб намуд, ки барои расидан ба рушди босуботи ҳозираи кишвар мардуми баруманди тоҷик давраи таърихии душворро паси сар карда буд. «Низоъи байни тоҷикон, ки аз ҷониби неруҳои берунӣ сар зада буд, имкониятҳои рушди давлати навбунёди тоҷиконро дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр маҳдуд карда буд. Ба ин нигоҳ накарда, мардуми тоҷик бо хиради азалиаш тавонист, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии хешро ҳимоя кунад, аз низоъи дохилии вазнин берун барояд ва боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварад», қайд кард, Р. Олимов.

Қисмати калидии барномаи «мизи мудаввар» муаррифии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 гардид, ки онро Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешнищод намуд.

П. Давлатзода иштирокчиёни чорабиниро самимона хайрамақдам гуфт ва аз ҷумла қайд намуд, ки “дар ин толор дӯстон ва шарикони ҳақиқии Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, ки барояшон тақвият додани дӯстӣ ва ҳамкорӣ як ҷузъи фаъолияти касбӣ ва тақдири ҳаёти шахсӣ гардидааст”. Сафир ба олимон, фаъолон, «капитанҳо»-и саноат ва соҳибкорӣ, инчунин ба ходимони илмӣ ва фарҳанг барои саҳми онҳо ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин миннатдории Ҳукумати кишварро баён кард.

Дар рафти муаррифии Стратегияи миллии рушд Парвиз Давлатзода қайд кард, ки он дар ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои кишвар, доираи калони олимон, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст. «Ин санади стратегӣ барои татбиқи авлавиятҳои асосии кишвар тавассути баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба такмили низоми амалкунандаи муколама миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ чун замина хизмат мекунад, чун меъёрҳои асосии Стратегияи миллии рушд масъалаҳои тақвият додани рушди институтсионалӣ, таъмини назорати самаранок ва шаффоф баромад мекунанд», тазаккур дод Сафир.

Парвиз Давлатзода ба ҳозирин маълумот дод, ки дар давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегӣ муайян карда шудаанд. «Якум, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, дуввум – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ, сеюм – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат ва чорум – васеъ кардани маҳсулнокии шуғли аҳолӣ» иброз дошт Сафир. Дар баробари ин, Сафир инчунин изҳор намуд, ки «дар марҳилаи нави рушд дар назди кишвар се вазифаи калидӣ истодаанд, ки инҳо расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии баробар ба кишварҳои миёнаҳоли дорои даромади миёна, таъмини рушди босубот тариқи таъмини гуногуншаклии мол ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва васеъ кардану тақвият додани қишри миёнаҳоли аҳолӣ мебошанд.

Дар «мизи мудаввар» намояндагони доираи илмӣ ва соҳибкории Чин баромад карданд. Аз ҷониби онҳо қайд карда шуд, ки новобаста аз тамоюли манфии иқтисоди ҷаҳон, дар Тоҷикистон суръати нисбатан баланди рушди иқтисодиёт боқӣ мемонад ва ислоҳоти сохтории самаранок амалӣ мешаванд. Маҷмӯъи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба паст кардани таъсирҳои манфии берунииқтисодӣ равона шуда буданд, аз ҷониби онҳо баланд баҳогузорӣ шуд.

Зимни баромадҳои худ, олимон ва коршиносон ба ҳозирин баҳодиҳии консептуалии рушди муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Чинро дар давраи дарозмуддат мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд

Қисмати барномаи «мизи мудаввар», ки ба намоиши корхонаҳои чинии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бахшида шуда буд, таваҷҷуҳи калонро ҷалб кард. Аз ҷумла, намоишҳои корхонаҳои «China Global”, «TBEA”, «China Road and Bridge Сonstruction”, Корпортасияи 19-ми сохтмони роҳи оҳан, корхонаи истихроҷ ва коркарди кони тилло «Пакрут», ширкати «Хуавэй» ва ғайра баргузор гардид.

 

Кори «мизи мудаввар»-ро ҷамъбаст намуда, Сафири Тоҷикистон     П. Давлатзода қайд намуд, ки Тоҷикистон имкониятҳои калони рушд ва тараққиёти минбаъда дорад. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри худ захираҳои калон дорад, аз қабили захираҳои инсонии калон – ҷавонон ва наврасон, имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебои табиӣ ва инчунин наздикӣ ба марказҳои тиҷоратии Шимол, Ҷануб ва Шарқ. Дар кушодан ва ба кор даровардани ин имкониятҳо, таъмини сатҳи беҳтари зиндагонӣ мо барои ҳамкорӣ бо тамоми ҳамсоягон, дӯстон ва шарикони хеш омодаем» – қайд кард Сафир.

Дар доираи баргузор намудани «мизи мудаввар» ба манзури иштирокдорони он як қатор чорабиниҳои дигар низ баргузор шуданд. Дар толори нави Котиботи СҲШ бо номи «Душанбе» намоиши китобҳо ва дар толорҳои «Пекин» ва «Москва» намоиши аксҳо бахшида ба ҳамкории амалии корхонаҳои чинӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин таомҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод карда шуданд.