Фестивали донишҷуён дар Пекин

28.04.2017(06:26)

27 апрели соли 2017 Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод ва дар ҳамбастагӣ бо маъмурияти шаҳри Пекин Фестивали байналмилалии фарҳангӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони “Долон ва роҳ, иштирок намо ва баҳра бардор”-ро баргузор намуданд. Дар он дар қатори дигар донишҷӯёни хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар донишгоҳи мазкур ва баъзе донишҷуёни тоҷик аз дигар донишгоҳҳои шаҳри Пекин фаъолона иштирок намуданд.

Дар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ намояндагони зиёда аз 35 кишвари олам фарҳанги хешро муаррифӣ карданд. Донишҷуёни тоҷик низ дар ҳамбастагӣ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирокдорон ва меҳмонони Фестивалро бо таърихи аҷдодӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон шинос намуданд.