Ҳайати Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар Чин

18.04.2017(06:49)

Ҳайати Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизб Фаттоҳзода Саидмурод бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.

18 апрели соли ҷорӣ мулоқоти ҳайати Ҳизб бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ хонум Ян Ҷюнтси доир гардид. Дар арафаи ин мулоқот вохӯриҳо бо роҳбарият ва кормандони Шӯъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин баргузор шуданд.

Барои ҳайат ҳамчунин як қатор дигар вохӯриҳо бо роҳбарияти ниҳодҳои маҳалии ҳизбии Ҳизби Коммунистии Чин пешбинӣ гардидаанд.